Нашрияи Кумитаи ҷавонон дар шабакаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ёфт

“Ҷавонони Тоҷикистон”, нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз роҳандозии торнамои интернетии худ хабар дод.

Самариддин Асозода, сардабири ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” рӯзи сешанбеи 23 декабр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки торнамои ин нашрия дар остонаи Соли нави милодӣ ва ба муносибати 85-солагии таъсиси ин рӯзнома фаъол мешавад.

Ба гуфтаи вай торнамои нав бо нишонии www.javonon.tj аз аввали моҳи январи соли 2015 фаъол шуда ва дар хабарҳои Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳон дар ибтидо бо забонҳои тоҷикию русӣ ба хонандагон ироа мешавад. Ҷаноби Асозода, ҳадафи ин амрро фаро гирифтани бештари хонандагон унвон карда ва афзуд, “пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ҷавонони зиёде барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд, инчунин, қисми зиёди муҳоҷирони кории кишвар, ки асосан, дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон кору фаъолият мекунанд, ҷавонанд. Ҳамчунин, бо рушди технология имкони дастрасии интернет ба воситаи телефонҳои мобилӣ фароҳам омадааст. Бинобар ин, онҳо ба воситаи сомона аз навигариҳои кишвар ва дастоварду мушкили ҳамсолон имкон пайдо мекунанд пайваста хабардор гарданд”.

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (дар гузашта “Комсомоли Тоҷикистон” низ ном дошт), нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 5 апрели соли 1930 таъсис ёфтааст ва ҳар ҳафта як маротиба бо формати А-316 саҳифа ба табъ мерасад.