Беларус баъзе сомонаҳои мустақили хабариро баст

Чанд сомонаи хабарии мустақил дар Беларус баста шуд. Ҳукумат мехоҳад хабарҳои матбуотиро бештар зери назорати худ дарорад. Ҳукумат нагуфтааст, ки масъули бастани ин сомонаҳо кист. Ин сомонаҳо аз 21 декабр баста шудаанд.

Вале изҳороти хабаргузории хусусии BelaPAN мегӯяд, ки “тасмим дар бораи бастани сомонаҳоро танҳо мақомот гирифта метавонанд”. Се сомонаи BelaPAN як ҷо бо сафҳаи хабарии “Солидарност” ва сомонаи созмони ҳуқуқи башари “Хартия 97” масдуд шудааст.

Ҳафтаи гузашта порламон пешнависи қонунеро ба тасвиб расонд ва дар он омадааст, ки агар ҳар сомонаи хабарӣ дар давоми сол ду бор барои муҳтавои маводи чопкардааш огаҳӣ гирифта бошад, давлат метавонад онро бибандад. Қарор набуд, ки ин қонун пеш аз якуми январи соли 2015 эътибор пайдо кунад.