Як саҳифаи Фейсбукро дар Русия мебанданд

Мақомоти Русия фармон додаанд, ки саҳифаи фейсбукии даъват ба тазоҳурот ба тарафдории Алексей Навалний, як мухолифи ҳукумати Русия баста шавад. Мақомоти интизомӣ Навалнийро ба дуздӣ муттаҳам мекунанд, вале худаш мегӯяд, ки бегуноҳ аст ва мақомот мехоҳанд, мунтақидони давлатро аз ҳамин роҳ хомӯш кунанд. Рӯзномаи “Ведомости” аз қавли Вадим Ампелонски, сухангӯи “Роскомнадзор”, муассисаи назорат бар матбуот дар Русия навишт, ки Додситонии кул аз “Роскомнадзор” хостааст, саҳифаи Фейсбук барои даъват ба намоиши эътирозиро дар дохили кишвар бандад. То кунун 12 ҳазор нафар аз тариқи ин саҳифа тасдиқ кардаанд, ки рӯзи 15-уми январ барои ширкат дар тазоҳурот ба майдони Манежная назди Кремл мераванд. Фейсбук ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодааст. Додситонҳои Русия аз додгоҳи Маскав хостаанд, ки Алексей Навалнийро барои дуздии 31 миллион рубл ва ё 520 ҳазор доллар ба 10 соли зиндон маҳкум кунад.