Абдигулов: Интиқоли пули муҳоҷирони қирғиз коҳиш меёбад

Бонки Миллии Қирғизистон мегӯяд, интизор меравад, ки интиқоли пули муҳоҷирони кории қирғиз аз Русия коҳиш ёбад. Дар ин бора Толқунбек Абдигулов-раиси бонк ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вай гуфт, ки ҳоло «барои поин рафтани арзиши суми қирғизӣ дар баробари асъори хориҷӣ сабабе вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ин манбаъ, устувории пули миллии қирғизӣ дар баробари доллар як силсила сабабҳо ҳаст ва он мисли рубли русӣ нест.

Вале камарзиш шудани рубли русӣ ба иқтисоди Қирғизистон таъсири манфӣ мерасонад ва вазъи молии Русия сабаб мешавад, ки интиқоли пули муҳоҷирон коҳиш ёбад. Раиси Бонки миллӣ дар бораи дарсадии поин рафтани пулҳои интиқолӣ чизе нагуфт.