Дар Хатлон барои ҳифзи табиату ҳайвонот саксавул кишт мекунанд

Дар ҷануби Тоҷикистон барномае татбиқ мешавад, ки ҳадафаш коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим аст.

Барномае, ки акнун барои ҳифзи табиат ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар манотиқи ҷанубии Тоҷикистон амалӣ мегардад, аз ҷумла ба саксавул -- растании нодире такия мекунад, ки ба “Китоби сурх” шомил шуда, метавонад пеши роҳи шӯразор шудани замин ва нобуд гаштани ҳайвоноти нодирро гирад.

Ин буттаест, ки наздики 3 метр баландӣ дорад ва ба ҳама гуна ҳавову ҳарорат дар тобистону зимистон дар ин минтақа тобовар аст ва барои пешгирӣ аз гармсер, боди “афғонӣ” ё хокбор ва эрозияи замин муфид бошад. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳудуди водии Вахш дар се соли охир зиёда аз 200 гектар саксавул кишт шудааст ва ҳадаф аз ин тарҳ коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва фароҳам овардани шароити зист барои ҳайвоноти нодир аст.

Ҳабибулло Қодиров, муовини сардори раёсати ҳифзи табиати вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки саксавул паноҳгоҳ ва хӯроки хубе дар гармои тобистон ва сардиҳои зимистон барои оҳувони бухороӣ ва дигар ҳайвонот аст. Ҷаноби Қодиров афзуд, ки дар замони нооромиҳои солҳои 1991 то 1997, сокинони маҳаллӣ ин растании нодирро, ки шомили "Китоби сурх" будааст, буридаанд, ки қариб ба нестӣ расида буд:

“Мақсад аз ин барнома, пешгирӣ аз эрозияи замин, шамол, хушксолӣ ва таъмини ҳайвонот ба хӯрок ва зинда нигоҳ доштани онҳо дар замистону тобистон аст, ки инчунин барои коҳиши боди афғонӣ мусоидат мекунад. Чанд соли охир буридани ин буттаи нодир, аз ҷониби мардум мушоҳида шуда буд ва ба ҳамин хотир ин буттаро зиёд мекунем.”

Дар ҷануби Тоҷикистон ин бутта бештар дар туғайзор ва заминҳои ноҳияи Қубодиёну Носири Хусрав ва “Бешаи Палангон” дар ноҳияи Ҷиликул мерӯяд. Нуриддин Сайфуллоев, сардори мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар ин мавсим беш

Нуриддин Сайфуллоев

аз 100 гектор заминро саксавул коштаанд, ки бештар барои ҳайвоноти беша будааст, ки дар гармои тобистон намиранд: “Гавазнҳо, ҷайраву оҳувони бухороӣ зиндагӣ мекунанд, ки дар буттаҳои онҳо аз гармо паноҳ мебаранду замистон баргашро мехӯранд, ки шинонданаш дар беша хело муҳим аст.”

Нуриддин Сайфуллоев мегӯяд, ки феълан дар “Бешаи Палангон” наздики 300 оҳуи бухороӣ, зиёда аз 300 гӯсфанди кӯҳи ва дигар ҳайвонот аст, ки дар сурати хушксолӣ ва гармшавии ҳаво дар тобистон ва сардӣ дар замистон эҳтимол нобуд шаванд.

Кормандони ҳифзи табиат дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, ки агар даштҳои шӯразадаро пурра саксавул кишт кунанд, шумораи оҳувони бухороӣ ва гӯсфандони кӯҳӣ ба маротиб зиёд мешавад.

Ба гуфтаи кормандони ҳифзи табиати вилояти Хатлон, оҳуи бухороӣ дар дигар манотиқи Тоҷикистон аз ҷумла Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб рӯ ба нестшави доштааст, аммо дар “Бешаи Палангон” саршумори он тадриҷан зиёд мешавад.