Нерӯҳои пешмаргаи курд, бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Амрико ҳуҷум барои маҳви ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ дар шаҳри Синҷар дар шимолуғарби Ироқро идома доданд. Ҳуҷуми нерӯҳои пешмарга барои пас гирифтани Синҷар рӯзи 17-уми декабр оғоз шуд. Ин шаҳр моҳи августи имсол ба дасти ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ афтод. Фармондеҳони нерӯҳои пешмарга гуфтанд, ки дар марҳилаи аввали ҳуҷум 80 ҷангҷӯро куштанд ва 8 русторо ишғол карданд. Ба қавли онҳо, размандагони зиёди пешмарга рӯзи 18-уми декабр дар муқобили ҷангҷӯёни давлати исломӣ камин гирифтаанд. Артиши Амрико низ рӯзи 17-уми декабр гуфт, ки барои кӯмак ба нерӯҳои ироқӣ ва пешмаргаи курд дар наздикии Синҷар ба мавзеъҳои ҷангҷӯён 45 зарбаи ҳавоӣ задааст. Дар сурати ишғоли шаҳр, роҳ ба кӯҳи Синҷар боз мешавад, ки ҳазорон нафар аз язидиҳои Ироқ аз тарси тундравони исломӣ аз шаҳр ба онҷо гурехтанд.