Мақомоти полиси вилояти Бағлон, воқеъ дар шимоли Афғонистон, рӯзи 12 декабр аз кушта шудани се фармондеҳи Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) дар як амалиёти шабона хабар доданд.
Аҳмад Ҷавод Башорат, намояндаи полис гуфт, ки ин се нафар масъули таҳияи амалиёти низомии гурӯҳи Ҷундуллоҳ дар шимолу шарқи Афғонистон буданд. Ӯ афзуд, яке аз кушташудагон Қорӣ Валӣ, масъули таҳияи камарбандҳои шаҳид барои маргталабҳо буд.
Хадамоти кашфи Афғонистон мегӯяд, ки Ҳаракати исломии Узбакистон дар Афғонистон бо номи Ҷундуллоҳ фаъолият мекунад. Моҳи октябр ду раҳбари калидии Ҷундуллоҳ бар асари зарбаҳои ҳавоӣ кушта шуданд.
Дар Тоҷикистон ҳам чанд нафар ҳамчун аъзои гурӯҳи “Ҷундуллоҳ” боздошт шуданд.