Алесин Александр-рӯзноманигор ва коршиноси низомии Беларус, ки барои чанд рӯз бедарак буд, мегӯяд, ки вай дар боздоштгоҳи муваққатии Минск аст.
Ҳафтаномаи "Belarusians & Market" ё “Беларусҳо ва Бозор” 8 декабр навишт, ки ҳамкори онҳо 25 ноябр барои ҷосусӣ боздошт шудааст. Аммо Артур Стрех-сухангӯи Кумитаи Амнияти Белрус 5 декабр нахост роҷеъ ба ин хабар ба Радиои Озодӣ тавзеҳот диҳад.
Маркази ҳуқуқи башари Виясна ё Весна ва Иттиҳодияи рӯзноманигорони Беларус аз мақомот хостаанд, ки дар бораи боздошти Алесин тавзеҳот диҳанд.
Алесин коршиноси саршиноси низомӣ аст, ки навиштаҳояш бештар бо мавзеъгириҳои ҳукумат муғоират дорад. Вай ахиран гуфта буд, ки Беларус бояд дар партави тағироти Украина дар артиши худ ислоҳот анҷом диҳад.