Мақомоти Русия сабаби марги як шаҳрванди Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд, рӯзи 4-уми декабр дар дохили ҳавопаймои хатсайри Москва-Душанбе фавтидааст. Дар ин бора рӯзи 5-уми декабр, Анастасия Кириллова, сухангӯи ширкати Ютейр ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, рӯзи ҷумъа ҳангоми омодагии ҳавопаймои рейси ЮТ-801, ки аз фурудгоҳи Внуковои Маскав ба Душанбе парвоз мекард, вазъи сиҳатии яке аз мусофирон бад шуд ва халабонҳо маҷбур шуданд, ки барои кӯмак ба мусофири бемор, ҳавопайморо ба истгоҳаш дар фурудгоҳ баргардонанд. Анастасия Кириллова гуфт, ки мусофири ҳавопаймо то расидани табибон даргузаштааст ва сабабҳои марги ӯ ҳол таҳқиқ мешавад. Вале табибон гуфтаанд, ки ба эҳтимоли ғолиб мусофири ҳавопаймо бемории қалб доштааст ва ҳамин беморӣ сабаби маргаш шудааст. Ному насаби шахси фавтидаро эълон накардаанд. Аз ин пеш дар моҳи майи имсол Шокирҷон Шарифов, як сокини ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон 15 дақиқа пеш аз фуруди ҳавопаймои хати сайри Душанбе-Челябинск даргузашт.