Амрикову Британия ва ҳампаймонҳои дигари онҳо қавл додаанд, ки баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон ҳукумати нави ин кишварро танҳо нахоҳанд гузошт ва ба он кӯмак хоҳанд кард. 4 декабр дар Лондон Дэвид Камерон-нахуствазири Британия ва Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон мизбони намояндагони 60 кишвар буданд. Онҳо барои ширкат дар конфронси амниятӣ омада буданд.
Дар ин конфронс ҳамчунин мубориза бо ришвахорӣ ва ислоҳоти сиёсӣ дар Афғонистонбаррасӣ шуд. Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷроии ҳукумат аз замони расидан ба ҳокимият дар моҳи сентябр то ҳол баъзе масъалаҳоро ҳал кардаанд.
Бори аввал дар Афғонистон зимоми қудрат аз як раҳбар ба раҳбари дигар аз роҳи демократӣ мегузарад. Ғанӣ ва Абдуллоҳ-рақиби интихоботии вай баъд аз моҳҳо бигӯ-магӯ ҳукумати эътилофӣ ташкил медиҳанд.