Путин кишварҳои ғарбиро ба пархошгарӣ муттаҳам кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, кишварҳои ғарбӣ “худхоҳона ва пархошгарона” амал мекунанд ва Русия ҳеҷ гоҳ ба хостаҳои кишварҳои хориҷӣ тан намедиҳад. Владимир Путин зимни ироаи паёми солонааш ба порлумон сахт сӯҳбат мекард ва дар ҳоле, ки муноқиша дар Украина робитаҳои Русия бо Амрикоро бисёр бад кардааст. Зимни суханронӣ, ки мустақим аз телевизионҳои давлатӣ пахш мешавад, Владимир Путин гуфт, ки нимҷазираи Қрим барои Русия «муқаддас» аст ва мисли он ки зиёратгоҳҳои Байтулмуқаддас барои яҳудиён ва мусулмонон муқаддас аст. Ӯ афзуд, Русия соли гузашта имтиҳонеро паси сар кард, ки танҳо “миллати болиғ ва муттаҳид” метавонист гузарад. Владимир Путин дар ҳузури мақомоти баландпоя, рӯҳониёни мӯътабар ва дигар шахсиятҳои шинохтаи Русия дар Кохи Кремл суханронӣ дорад ва аз ҳозирони нишаст барои ҳимояташон сипосгузорӣ кард. Владимир Путин афзуд, таҳримоти кишварҳои ғарбӣ бар зидди Русия бо ҳадафи ба хатар андохтани кишвар аст, аммо гуфт, ӯ баръакс ин таҳримот ба рушди иқтисоди Русия мусоидат мекунад. Вай гуфт, ки “фоҷиа” дар шарқи Украина нишон медиҳад, ки сиёсатҳои Русия дуруст аст. Ӯ кишварҳои ғарбиро ба он муттаҳам кард, ки мехоҳанд, Русияро мисли Югославия дар соли 1990 пора кунанд, аммо ба гуфт Путин “ба мақсадашон нарасиданд, ҳамонгуна ки Гитлер ба мақсадаш нарасид.“