Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Туркманистон боздид мекунад. Интизор меравад, ки вай 2 декабр бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон гуфтугӯ ва муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ кунанд.
Бино ба хабари дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Қазоқистон, 3 декабр Назарбоев, Бердимуҳаммадов ва Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон дар маросими гуiоиши роҳи нави оҳане, ки се кишварро бо ҳам пайванд мекунад, ширкат хоҳанд ҷуст.
Мақомот мегӯянд, ки баъд аз баҳрабардорӣ аз роҳи оҳани Узен-Берекет-Гургон вақти сафар ва интиқоли молу коло хеле кӯтоҳ мешавад.