Наздикони Довуд Абдуллоев, соҳибкори тоҷик дар Уфа мегӯянд, ки ҳафтаи гузашта ҳангоми аз кор баргаштан Довуд Абдуллоев, сокини совхози Туркманистони (ҷамоати Тоҷикобод) ноҳияи Вахш дар Уфа нопадид шудааст ва то ҳол аз вай дараке нест. Саидалӣ Абдуллоев, яке аз наздикони Довуд Абдуллоев имрӯз якуми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳафтаи гузашта соҳибикори тоҷик ҳангоми баргаштан аз ҷои кор ба манзили зисташ, нопадид. Вай гуфт, ки шоми ҳамон рӯз вақте, ки ба хона бармегашт, бо хонаводааш дар тамос шуда гуфтааст, ки мошинашро дар гараж гузошта меояд, аммо бо ҳамин дигар аз вай хабаре нест: “Рузи ҷумъаи гузашта ду бародараш аз Қӯрғонтеппа ба суроғаш рафтанд ва дирӯз хабар доданд, ки то ҳол ҳеҷ маълумоте дар бораи нопадид шуданаш нест.”
Довуд Абдуллоев аз соли 1996 ба ин тараф дар Русия ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, дар Уфа соҳиби базаи калони меваҷот мебошад, ки даҳҳо сокинони тоҷик дар марказҳои фурӯши меваҷоти ӯ соҳиби кору машғулият будаанд. Зимнан то ҳол сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Маскав дар робита ба нопадиди шудани соҳибкори тоҷик Довуд Абдуллоев дар Уфа иттилое пахш накардаанд.