Баъди 9 ҳамлаи тундравон ба Кобул, пойтахти Афғонистон дар зарфи ду ҳафтаи гузашта, сардори раёсати пулиси ин шаҳр аз мақомаш истеъфо дод. Ҷангҷӯён дар ин муддат аз ҷумла ба қароргоҳҳои хориҷиён, мошинҳои сафоратҳо ва нерӯҳои Амрико ҳамла карданд. Генерал Зоҳир Зоҳир рӯзи 29-уми ноябр таъйид кард, ки дар ҳамлаи Толибон дар шоми он рӯз се шаҳрванди Африқои Ҷанубӣ ва як афғон кушта шуданд ва баъди фурсати кӯтоҳе аз нашри ин хабар аз мақомаш истеъфо дод. Генерал Зоҳир гуфт, ки дар ин ҳамла раҳбари як созмони хориҷӣ бо духтару писараш кушта шудаанд, вале номи ин афрод ва созмонро ошкор накард. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, бо нашри паёме иддао кардааст, ки ҷангҷӯёни гурӯҳ ба қароргоҳи як гурӯҳи таблиғотии насрониҳо ва ҷойи мулоқоти мусофирон аз Австралия ҳамла кардаанд. Қарор аст, маъмурияти ҷангии нерӯҳои НАТО ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон 31-уми декабри ҳамин сол тамом шавад.