Ҳусни Муборак, президенти пешини Миср, ки барои куштори эътирозгарон ва фасод муттаҳам мешуд, аз сӯи додгоҳе дар Миср бегуноҳ шинохта шуд. Ӯ дар соли 2012 ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, аммо дертар додгоҳи таҷдиди назар ҳукмашро беэътибор кард. Писарон, раиси муҳофизон, шаш фармондеҳи баландпояи муҳофизи ӯ ва дӯсти наздики Ҳуснӣ Муборак, ки тоҷир аст, бегуноҳ дониста шуданд. Ҳуснӣ Мубораки 86-сола соли 2012 бо гуноҳи ҳамдастӣ дар қатли тазоҳургароне, ки ӯро ба истеъфо маҷбур карданд, ба ҳабси абад маҳкум шуд, вале баъдан додгоҳи болоӣ ин ҳукмро беэътибор эълон кард. Додгоҳ рӯзи 29-уми октябр ҳамчунин гуфт, иттиҳомоти қатл алайҳи Ҳабиб ал –Адлӣ, вазири умури дохилии собиқ ва чаҳор фармондеҳи баландрутбаи амниятии Миср беасос будаанд. Ҳуснӣ Муборак, ки худро бегуноҳ медонад, айни замон ҳукми сесолаи зиндон бо гуноҳи фасодкориро адо мекунад. Ӯро дар як шифохонаи низомӣ дар шаҳри Қоҳира нигаҳ медоранд. Муҳаммад Мурсӣ, ки баъди сарнагун шудани Ҳуснӣ Муборак дар Миср ба қудрат расид, танҳо як сол ҳукумат кард ва моҳи июли соли 2013 аз тарафи артиши Миср аз мақоми раиси ҷумҳур барканор шуд. Баъдан фармондеҳи собиқи артиш, Абдул Фаттоҳ ал-Сисиро раиси ҷумҳури Миср баргузиданд.