28 ноябр боздиди серӯзаи Франсис-Попи Рум аз Туркия оғоз мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки баъд аз зуҳр Франсис бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳур ва Меҳмет Гормез-яке аз рӯҳониёни саршиноси Туркия мулоқот кунад. Мақомот мегӯянд, ки дар ин мулоқотҳо аслан роҷеъ ба таҳаммули мазҳабӣ ва мубориза бо тундгароӣ сӯҳбат хоҳад шуд.
Ин боздид замоне сурат мегирад, ки тундгароёни Давлати Исломӣ берун аз марзҳои Туркия дар қаламрави Сурия ва Ироқ манотиқи зиёдеро ба тасарруфи худ даровардаанд.
Давлати Исломӣ худашро Халифати исломӣ эълон кардааст ва пайравони шиа, масеҳиҳо ва ононеро, ки ақидаҳои тундравонаи онҳоро қабул надоранд, куштаанд ва ё ба фирор водор кардаанд.
Поп Франсис мегӯяд, бо вуҷуди он ки музокира бо тундгароёни Давлати исломӣ тақрибан имконпазир нест, боз ҳам дари музокираро бар рӯи онҳо набояд баст.