Нағзибек Нағзибеков консули фахрии Тоҷикистон дар вилояти Краснодари Русия таъин шуд. Ба иттилои Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 27 ноябр сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов консули фахриро расман ба волии вилояти Краснодар Александр Ткачев, раҳбарони ниҳодҳои вилоятӣ ва тоҷикони муқими минтақа муаррифӣ кард.
Нағзибек Нағзибеков, зодаи Тоҷикистон, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии политехникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Адигея мебошад. Қаблан ӯ раиси ҷамъияти мусоидат ба эҳёи фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ дар вилояти Краснодар буд.