Ваъдаи кумак ба зарардидагони сӯхтори бозори "Панҷшанбе"

Акс аз рӯзи баъди сӯхтор

Ҳукумати вилояти Суғд ба соҳибкорони зарардидагони сӯхтори бозори “Панҷшанбе” ваъда кард, ки онҳоро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин мекунад ва барои аз сар гирифтани фаъолияташон имтиёзҳо медиҳад. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд рӯзи 26 ноябр дар мулоқот бо соҳибкорони зарардида гуфт, “мӯҳлати пардохти қарзҳои бонкии бароятон 1 сол тамдид карда шуда, ҳамчунин ба бонкҳо пешниҳод шудааст, то ба шумо қарзҳои бефоиз барои як сол бидиханд.”

Ҳамчунин мақомот барои соҳибкорони дӯконҳояшон сӯхта, ки теъдоди онҳо беш аз 80 нафар гуфта мешавад, ваъда кардаанд, ки онҳоро дар бозорҳои канори Панҷшанбе ва маҳаллаи 34 - и шаҳри Хуҷанд бо ҷойхои нав таъмин хохад кард. Хамчунин ба таъкиди мақомот ин соҳибкорон барои ним соли фаъолияти оянда аз пардохти ҳаққи иҷораву андозҳо озод карда шуданд.

Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд бо тоҷирони зарардида эълон шуд, ки дар ҷои сӯхтор, бунёди фурӯшгоҳи нави замонавӣ оғоз карда шудааст ва он баҳори соли оянда ба итмом мерасад.

Сӯхтори шаби 16-уми ноябр дар бозори “Панҷшанбе” дар маҷмӯъ 800 метри мураббаъ ва беш аз 80 дӯкону фурӯшгоҳҳои марказҳои савдои “Баҳор“, «Сино», ва «Тоҷир»-ро хароб кард. Мақомот зиёни сӯхторро наздики 1 миллион сомонӣ ҳисоб карданд, вале мегӯянд, ин рақами ниҳоӣ нест ва ҳаҷми ниҳоии зарар баъди бозшумории зиёни тоҷирон дақиқтар хоҳад шуд.