Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, кишвараш “хатаре барои ҳеҷ кас нест” ва ният надорад, “ба ҳеҷ гуна бозӣ ва найрангҳои геополитикӣ ҳамроҳ шавад.” Ӯ дар ин бора рӯзи 26-уми ноябр мулоқот бо фармондеҳони артиши Русия дар шаҳри Сочи сухан гуфт. Владимир Путин афзуд, Русия ягонагӣ ва соҳибихтиёрии худ ва ҳампаймонҳояшро “устуворона посбонӣ” хоҳад кард. Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, тамоми ниҳодҳои давлатӣ дар масъалаи дифоии кишвар бояд якмаром бошанд. Ин суханони Путин дар ҳоле садо медиҳад, ки муноқиша дар Украина идома дорад ва нерӯҳои давлатӣ дар шарқи он кишвар бар зидди ҷудоихоҳони тарафдори Русия меҷанганд. Ба сабаби ҳамин муноқиша муносиботи кишварҳои ғарбӣ ва Русия бисёр сард шудааст. Украина ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия ба ҷудоихоҳон кӯмак мекунад, вале Маскав ин иддаоро рад кардааст. Русия ҳамчунин моҳи март нимҷазираи Қрими Украинаро ба қаламраваш ҳамроҳ кард.