Патент барои муҳоҷирон дар Маскав гарон мешавад

Вакилони маҷлиси шаҳри Маскав дар мутолиаи аввал тарҳи қонунеро қабул карданд, ки қимати патент барои муҳоҷиронро тақрибан 3 баробар боло мебарад. Тарҳи «Қонун дар бораи таъйини қимат бо назардошти бозори корӣ дар қаламрави Маскав» рӯзи 26-уми ноябр дар ҷаласаи Мосгордума баррасӣ шуд. Максим Решетников, раиси департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди ҳукумати Маскав зимни пешниҳоди тарҳ гуфт, ҳоло як патент барои муҳоҷирон 1500 рублро ташкил медиҳад ва «мо пешниҳод мекунем, ки қимати он 4 ҳазор рубл шавад.» Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон дар Маскав дар арсаҳое кор мекунанд, ки моҳона 43 ҳазор рубл маош дорад. Ба қавли ӯ, қимати патент аз якуми январи соли 2015 боло бурда мешавад. Дар шаҳру вилояти Маскав садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик ҳам кор мекунанд.