Дар Амрико тазоҳуроти нав баргузор шуд

Ҳукми додгоҳи Амрико дар бораи бегуноҳ эълон кардани афсари сафедпӯсти пулис, ки як ноболиғи сиёҳпӯстро кушт, тазоҳуроти наверо дар даҳҳо шаҳри Иёлоти Муттаҳида барангехт. Шаби 25-уми ноябр 2200 сарбози горди миллии Амрико чанде аз кӯчаҳои шаҳри Фергуссон, саҳнаи ошӯбу ғоратгарӣ дар аёлати Миссуриро назорат мекарданд. Ҳодисаи ҷанҷол бо навраси сиёҳпӯст ва афсари пулис дар ҳамин шаҳр ба вуқӯъ пайваст. Пулиси шаҳр гуфт, ки шаби 25-уми ноябр дар инҷо як мошини дигарро оташ заданд, ҳарчанд вазъ назар ба рӯзи 24-уми ноябр оромтар буд. Айни замон афсари пулисе, ки Майкл Бровни бесилоҳро кушт, ба телевизиони АБС-и Амрико гуфт, ки барои муҳофизати ҷони худаш ин корро кардааст, ҳарчанд аз талаф шудани ҷоне таасуф мехӯрад. Ҳодисаи мазкур моҳи август ба вуқӯъ пайваст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 25-уми ноябр хушунат дар шаҳри Фергусонро интиқод кард ва “харобкориҳо”-ро ҷиноят хонд. Марги ноболиғи сиёҳпӯст аз дасти пулис, дигарбора баҳси нажодпарастӣ, усулҳои пулис ва истифода аз аслиҳа дар Амрикоро барангехт.