Путин сармоягузории ҳизбҳо аз сӯи созмонҳои хориҷиро манъ кард

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 25 ноябр қонунеро имзо кард, ки сармоягузории ҳизбҳои сиёсӣ аз сӯи созмонҳои “ҷосуси хориҷӣ” эътирофшударо манъ мекунад. Бар пояи қонун, ҷарима барои "сармоягузории ғайриқонунии маъркаи интихоботӣ" даҳ баробар афзоиш меёбад.

Ба ҳизбҳои сиёсӣ ҳама гуна созиши молиявӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, ҳаракату созмонҳои ғайриҳукуматии “ҷосуси хориҷӣ” эълоншуда ва созмонҳое, ки беш аз 30 дар сади буҷаашонро сармояи хориҷӣ ташкил медиҳад, мамнӯъ эълон шудааст.

Владимир Путин ҳамчунин тағйирот ба Кодекси андози Русияро имзо кард, ки бар пояи он шаҳрвандон бояд аз саҳмашон дар ширкатҳои хориҷӣ мақомоти андозро огаҳ кунанд. Гап сари ширкатҳову афроде меравад, ки беш аз 50 дар сади саҳмияҳои созмонҳои хориҷиро дар ихтиёр доранд.

Ҳарду санад моҳи равон аз сӯи Думаи давлатӣ пазируфта шуда буданд.