Радиои «Эхо Москви» гуфт, баъди зери фишори молики давлатии радио қарор гирифтани як хабарнигораш, барои кормандони радио тарҳи одобнома дар шабакаҳои иҷтимоиро омода мекунад. Дар ин бора Леся Рябтсева, хабарнигори «Эхо Москви» дар мусоҳиба бо бахши русии Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми ноябр хабар дод. Леся Рябтсева, ки дар таҳияи тарҳи одобнома ширкат мекунад, гуфт айни меъёру муқаррароте, ки дар одонома омадааст, бояд дар дигар расонаҳои тобеи ширкати «Газпром» риоят шавад. Ширкати давлатии мазкур аксари саҳмияҳои «Эхо Москви»-ро дар даст дорад. Михаил Лесин, раиси бахши матбуотии «Газпром», рӯзи 6 ноябр амр дод, ки Александр Плюшев, як муҷрии радио дар шабакаи Твиттер хабар дод, ки Александр Иванов, писари Сергей Иванов, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия, дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шудааст. Аммо баъдан ин дастурашро беэътибор кард. Таҳияи одобномаи рафтори хабарнигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми хабарнигорони русро барангехтааст, зеро ба гуфтаи онҳо мумкин аст, ин одобнома барои ҳамаи матбуоти Русия қабул шавад.