Рафтуомади бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қувайт

Тоҷикистон ва Қувайт созишномаеро ба имзо расонидаанд, ки бар асоси он шаҳрвандони ҳар ду кишвар, ки соҳиби шиносномаи дипломатӣ ва хидматӣ ҳастанд, рафтуомад ба кишвари ҳамдигар бидуни раводид сурат мегирад.Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин санад дар ҷараёни сафари Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Қувайт ва дидору музокироти вай бо шайх Сабоҳ Халид ал-Ҳамад ал-Сабоҳ, муовини аввали нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар, дар рӯзи якшанбеи 23 ноябр ба имзо расид. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки зимни дидору гуфтугӯи Сироҷиддин Аслов бо шайх Сабоҳ Халид ал -Ҳамад ал –Сабоҳ доираи васеи густариши ҳамкориҳои дуҷониба , ҳалли муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин масоили амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ кардаанд. Ба иттилои ин масъулон вазири корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Аслов, ҳамчунин дар ҷараёни сафар дар рӯзи якшанбе бо вориси шоҳи Қувайт, шайх Навоф ал – Аҳмад ал - Ҷаббор ас – Сабоҳ мулоқот анҷом додааст.

Сафари Сироҷиддин Аслов, вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Қувайт рӯзи шанбеи 22 ноябр шуруъ шуда ва қарор аст, имрӯз душанбеи 24 ноябр ба поён расад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қабал аз сафар ба Қувайт, рӯзҳои 20 ва 22 ноябр аз Покистон дидори расмӣ анҷом дод ва бо мақомоти баландпояи ин кишвар, ба хусус, президент Мамнун Ҳусайн, нахуствазир Навоз Шариф, вазири энержӣ Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири тиҷорат ва савдои хориҷӣ Ғулом Дастгир ва мушовири сарвазир дар умури хориҷӣ Сартоҷ Азиз гуфтугӯ кардааст.