Зонуи Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларусро ҷарроҳӣ кардаанд. Телевизиони давлатии ин кишвар 23 ноябр хабар дод, ки амали ҷарроҳии зону амри зарурӣ будааст, то осебаро, ки ҳангоми бозии хоккей бардоштааст, бартараф кунанд.
Наталия Эсмонд-сухангӯи раиси ҷумҳури Беларус гуфт, ки ин амалиёт аз пеш барномарезӣ шуда буд ва бояд раиси ҷумҳур барвақттар ҷарроҳӣ мешуд. Вале барномаҳои кории вай ба он имкон намедод.
Лукашенко бояд 3-4 рӯз дар иқоматгоҳи худ дар берун аз Минск муолдиҷа бигирад, вале Наталия Эсмонт мегӯяд, ки вай ҳанӯз ҳам корҳои худро чун раиси ҷумҳур пеш мебарад.