Обама ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳаққи идомаи зист дар Амрикоро дод

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи ҷумъа, 21 ноябр, фармонеро имзо кард, ки ба миллионҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ имкони боқӣ мондан дар кишварро медиҳад. Ӯ дар бораи тасмимаш барои ислоҳот дар қавонини муҳоҷират як рӯз пеш дар як муроҷиат аз тариқи телевизион хабар дода буд.

Бар пояи фармони раисиҷумҳур, ҳаққи идомаи иқомат дар Амрикоро он муҳоҷирони ғайриқонуние пайдо мекунанд, ки панҷ сол боз дар кишвар ба сар мебаранд ва волидайни шаҳрвандони Амрикоянд.

Ин афрод барои дарёфти иҷозаи иқомат дар Амрико барои се соли дигар бояд мавриди бозҷӯӣ қарор гиранд, собит кунанд, ки фарзандони онҳо дар Амрико ба дунё омадаанд ва ба пардохти андоз намоянд.

Ҳамзамон Обама гуфт, ки ин фармон афв барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ нест ва роҳи онҳоро барои дарёфти шаҳрвандии Амрико боз намекунад.

Тарҳи Обама мавриди интиқоди мухолифони сиёсияш қарор гирифт, ки ӯро дар берун аз ваколат пой мондан айбдор кардаанд.