Анбори гурӯҳи Хуросонро дар Сурия маҳв карданд

Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи 19-уми ноябр гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ дигарбора ба камингоҳҳои ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ ва гурӯҳи Хуросон, як созмони шарики Ал-Қоида дар Сурия зарба задаанд. Дар баёнияи расмии ситод омадааст, ки аз рӯзи 17-уми ноябр 5 дафъа камингоҳҳои ҷангҷӯёни созмони Давлати исломиро дар наздикии шаҳри Кубонӣ ҳадаф гирифтанд ва як дафъа ба анбори гурӯҳи Хуросон дар шимолуғарби Сурия зарба заданд. Ҳавопаймоҳои Амрико ҳамчунин аз рӯзи 17-уми ноябр 24 дафъа ба камингоҳҳои созмони Давлати исломӣ дар Ироқ зарба задаанд, аз ҷумла дар наздикии шаҳри Баиҷӣ, ки чанде пеш нерӯҳои ироқӣ онро аз дасти ҷангҷӯён халос карданд.