Ду ҳизби умдаи Косово баъди панҷ моҳи ихтилоф, дар масъалаи таъсиси ҳукумати эътилофӣ ба созиш расиданд. Дар ин бора Отифа Яҳёоғо, раиси ҷумҳури Косово, рӯзи 19-уми ноябр баъди мулоқот бо Ҳошим Тачӣ, нахуствазир ва раиси Ҳизби демократии Косово ва рақиби ӯ Исо Мустафо, раиси Лигаи демократии Косово хабар дод. Ӯ бо нашри баёнияе гуфт, ки “Тачӣ ва Мустафо усулан дар масъалаи ташкили эътилоф ва таъсиси ҳукумат дар Косово мувофиқат карданд.” Аммо маълум нест, ки Ҳошим Тачи, фармондеҳи собиқ,ки 6 сол боз нахуствазир аст, дар мақомаш мемонад ва ё на. Аммо Лигаи демократии Косово гуфтааст, ки Исо Мустафо, нахуствазир мешавад.