Дар Ҳонгконг, минтақаи таҳти назорати Чин, рӯзи чаҳоршанбе бархӯрдҳои нав миёни полис ва эътирозгарон сурат гирифтанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, таниш баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки аз миёни садҳо эътирозгарон тақрибан даҳ нафари ниқобпӯш талоши вуруд ба бинои Шӯрои қонунбарори Ҳонгконгро карданд. Пулис алайҳи онҳо аз калтак ва газ истифода бурд.
Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки яке аз эътирозгарон вориди бинои Шӯрои қонунбарор шуд ва ба ин хотир ҷаласаи Шӯрои қатъ гардид.
Бар пояи хабарҳо, дар бенизомиҳо се тан аз кормандони хадамоти амниятӣ осеб диданд. Дар бораи теъдоди маҷрӯҳон аз ҳисоби эътирозгарон иттилое нест. Кормандони полис чанд нафарро боздошт карданд.
Эътирозҳо дар Ҳонгконг тақрибан ду моҳ пеш шурӯъ шуданд. Мӯҳлати раёсати раҳбари феълии Ҳонгконг Лян Чженйин соли 2017 анҷом меёбад ва эътирозгарон талаб доранд, ки ба ҳаққи онҳо барои интихоботи мустақими раҳбари ин минтақаи таҳти назорати Чин арҷ гузошта шавад. Аммо Пекин барои интихоби сарвари Ҳонгконг аз сӯи коллегияи интихобкунандагон, як ниҳоди аз сӯи давлати Чин таъсисшуда, пойфишорӣ дорад.