Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз узвияти ин кишвар дар Бунёди хайрияии НАТО ё Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 18 ноябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар шаҳри Брюссел, қароргоҳи НАТО 46 - умин чорабинии солонаи Бунёди хайрияи СААШ бо иштироки 41 кишвари узв ва шарики ин созмон барпо гардид, ки Тоҷикистон низ дар ин чорабинӣ ширкат кард. Ба таъкиди ин масъулон намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди НАТО ё Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва дастгирии фаъолони диаспораи тоҷик дар Белгия ва Нидерланд, дар гӯшаи миллии Тоҷикистон ба меҳмонони чорабинӣ ашёҳои гуногуни анъанавии истеҳсоли косибии миллӣ – ҷавоҳирот, тӯҳфаҳои хотирмон, маснуоти сангӣ, зарфҳо, расмҳои “кундал”, либосҳои миллии ороишии мардонаву занона ва ҷузъиёти онҳо, тухмиҳои гулҳо, меваҳои хушк ва қаннодӣ, инчунин китобҳо ва руқъаҳо дар бораи Тоҷикистон пешкаш гардиданд. Тибқи иттилои масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ, “садҳо меҳмонон, аз ҷумла намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, НАТО, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, сафирони муқими шаҳри Брюссел, инчунин хабарнигорони аврупоӣ аз гӯшаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.”
Бунёди хайрияи НАТО соли 1968 ба ҳадафи ҷамъоварии маблағ барои дастгирии лоиҳаҳои байналмилалии хайриявӣ таъсис ёфтааст. Ин созмони ғайритиҷоратӣ ҳамасола чорабиниро бо муаррифии гӯшаҳои миллӣ ва тарабхонавии кишварҳои аъзо, инчунин лотереяи тӯҳфаҳои миллӣ баргузор мекунад.