Туркманистону Узбакистон ва Тоҷикистон дар дараҷабандии ҷаҳонии корҳои хайрия ва накукорӣ барои соли 2014 зинаҳои болоиро ишғол кардаанд. Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, ин дараҷабандироCharity Aid Foundation ё Бунёди Кӯмакҳои Хайрияи Британия анҷом додааст ва тибқи он дар миёни 135 кишвари ҷаҳон Туркманистон дар зинаи 23, Узбакистон дар зинаи 28 ва Тоҷикистон дар зинаи 34 ҷой гирифтаанд. Қирғизистон дар зинаи 83 ва Қазоқистон дар зинаи 101 қарор доранд.
Бунёди Кӯмакҳои Хайрия ин дараҷабандиро бар асоси назарсанҷиҳои ширкати Геллап анҷом додааст. Чун дар солҳои гузашта соли ҷорӣ низ дараҷабандӣ бар асоси се нишондод таъйин шудааст: Кӯмакҳои молӣ ба созмонҳои хайрия, ширкати довталабонаи шаҳрвандон дар корҳои хайрия ва кӯмак ба одамони ношинос.
Дар гурӯҳи 10 кишвари пешсаф Амрико, Миянма, Канада, Ирландия, Заландияи Нав, Австралия Малайзия ва Британияву Шриланка қарор доранд.