Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул, як узви парлумони Афғонистон ҷароҳат бардоштааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки аз маҳали таркиш дидан намудааст, мегӯяд, ки он дар наздикии мактаби писаронаи "Ҳабибия" рух додааст, ки парлумони Афғонистон, теъдоде аз донишгоҳҳои хусусӣ ва ниҳодҳои муҳими давлатӣ дар он наздикиҳо ҷойгир мебошанд. Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳамла замоне сурат гирифт, ки мошини ҳомили Шукрия Борикзай, узви парлумон аз онҷо мегузашт. Масъулони бемористони "Истиқлол" дар Кобул гуфтаанд, ки то ҳоло 11 захмӣ ба ин бемористон мунтақил шудаанд, ки бештарашон ғайри низомиён ҳастанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки дар ин ҳамла се нафар кушта шудаанд ва таҳқиқот дар ин замина ҷараён дорад. Масъулияти ин ҳамларо то ҳоло касе ё гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст.