Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, бо ҳадафи беҳбуд бахшидан ба равобит бо Покистон ва эҳёи музокирот бо Толибон ба Исломобод сафар кард. Баъди расидан ба ин мақом дар моҳи сентябр ӯ бори аввал аст, ки ба Покистон меравад. Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, дар ҷараёни дидору мулоқотҳо, масоили амниятӣ, авзои марзҳо ва тиҷорат байни ду кишвар баррасӣ мешавад. Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамроҳ бо Навоз Шариф, нахуствазири Покистон рӯзи 15-уми ноябр мусобиқоти чавгонбозии тимҳои ду кишварро тамошо мекунанд. Дар байни Афғонистону Покистон беэътимодӣ вуҷуд дорад. Ҳафтае пеш вазорати дифои Амрико дар як гузориши тозае гуфт, ки Покистон ҳамчунон гурӯҳҳои тундравро ба ҳайси абзоре барои ноором кардани Афғонистон истифода мебарад. Айни замон Покистон мегӯяд, ки Афғонистон ба гурӯҳҳои тундраве паноҳгоҳ медиҳад, ки дар дохили қаламрави он кишвар ҳамлаву харобкорӣ мекунанд.