Қоҳир Расулзода бо сафари расмӣ ба Қирғизистон меравад

Имрӯз, ҷумъаи 14 ноябр, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо сафари расмӣ озими Бишкек, пойтахти Қирғизистон мешавад. Манобеи ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиори Озодӣ ин хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки Қоҳир Расулзода, тӯли имрӯз ба Бишкек, пойтахти Қирғизистон сафар хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки расонаҳои қирғиз бо такя ба дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон навиштаанд, ки сафари Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба Қирғизистон бо даъвати расмии Ҷоомарт Оторбоев, ҳамтои қирғизаш сурат мегирад.

Густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, ба хусус дар соҳаи обу энергетика, иқтисод ва тиҷорат ва фарҳангигиву башарӣ аз ҳадафҳои сафари расмии Қоҳир Расулзода ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон унвон шудааст. Нозирони умур мегӯянд, сафари расмии нахуствазири Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳар ду кишвар барои баррасӣ ва ҳалли масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн гуфтаниҳое доранд. Ин нозирон ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки дар соли ҷорӣ аз чанд мавриди даргирии марзӣ хабар расид, аз мавзуоти матруҳаи дидору гуфтугӯҳои нахуствазириони Тоҷикистон ва Қирғизистон арзёбӣ мекунанд.