Ҳафтаи “Таҳсили байналмилалӣ” дар Тоҷикистон

Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе аз баргузории “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” дар Тоҷикистон хабар дод.

Дафтари матбуоти сафорати ИМА рӯзи 10 ноябр гуфт, ки “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” дар Тоҷикистон аз 17 то 21 ноябри соли ҷорӣ ҷашн гирифта мешавад.” Ба иттилои ин манбаъ, “Ҳафта” бо намоишгоҳи таҳсилотӣ дар Маркази Исмоилия шурӯъ мешавад, ки он 17 ноябр аз соати 13:00 то 16:00 баргузор гашта, дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шӯрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бактрия, Барномаи Эрасмус+ , Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) ва Маркази Таълимии “Мултикид”ширкат хоҳанд кард.

Ин манбаъ афзуд, ҳар яке аз ин муассисаҳо ба алорқамандон роҷеъ ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳанд дод.

Ба таъкиди ин манбаъ “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” як имконияти хубе барои таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мебошад. Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои мардуми Амрико бо мардумони кишварҳои дигар, нақши бениҳоят муҳим мебозанд.