Намояндагии Амрико даро САҲА хабар дод, ки барои ҳифзи муносиби силоҳҳои хурду сабук (SALW) дар Осиёи Марказӣ ба ин ин созмон 402 000 доллар ҷудо мекунад. 120 000 доллар аз ин маблағ дар Тоҷикистон барои иҷрои як тарҳи САҲА дар мавриди коҳиши хатари маводи мунфаҷира сарф хоҳад шуд. 282 000 доллари дигар аз ин тарҳ барои аз байн бурдан ва ҳифзи муносиби силоҳҳои сабук ва хурд дар Қирғизистон дар назар гирифта шудааст. Амрико аз соли 1993 ба ин тараф барои маҳви минаҳо, анвои дигари маводи тарканда ва силоҳҳо дар 90 кишвари ҷаҳон беш аз 2,5 миллиард доллар харҷ карда, ба гуфтаи сафираш дар САҲА Даниэл Баер, дар ин масъала дар дунё пешсаф аст.