Дуди ангишт ду хоҳари хурдсолро дар Айнӣ кушт

Хонаводае дар ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд, ду кӯдаки хурдсоли худро дар фоҷиае аз даст додааст. Раёсати умури дохилии вилоят, рӯзи 8-уми ноябр хабар дод, ки Шукрона Нораковаи 3-сола ва Саидмоҳ, хоҳари яксолаи ӯ аз деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнӣ рӯзи 3-уми ноябр бар асари ихроҷи дуди ангишт аз бухории хона дар бистари хобашон ҳалок шудаанд. Дар тӯли 10 рӯзи ахир бори дуввум аст, ки дар вилояти Суғд ихроҷи дуди ангишт сабаби марги одамон мешавад. Аз ин пештар дар айни ҳодиса як сокини ноҳияи Спитамен низ ҷон дод. Дар Тоҷикистон мардум дар фасли сармо нерӯи барқи кофӣ намегиранд ва аксари хонаводаҳо дар рустоҳои бухорӣ доранд ва ангишт месузанд. Солҳои гузашта низ дар фасли зимистон дар Тоҷикистон чандин нафар бинобар ихроҷи дуди ангишт, ки миқдори андаке зиёдаш барои инсон кушанда аст, ҳалок шудаанд.