Мақомоти раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон субҳи рӯзи 4 ноябр аз зиндони Ёвон дар 50 километрии ҷануби пойтахти кишвар 325 маҳбусро озод карданд. Дафтари матуботи ваёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 4 ноябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, 325 нафар маҳбусе, ки бо ҷиноятҳои сабук маҳкум шуда буданд, раҳо шуданд. Раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, аз ин маҳбас 80 дарсади зиндониҳо озод шуданд, зеро онҳо бо моддаҳое айбдор шуданд, ки сабук буда, бо қонуни афв мутобиқат мекарданд. Як рӯз қабл дар доираи афви эълоннамуда аз сӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, наздик ба 800 маҳбус аз зиндонҳои шаҳри Норак ва Душанбе раҳон шуданд. Қарор аст ҳазорҳо маҳбус дар пайи ин қонун аз зиндонҳои кишвар раҳо шаванд.