Дар Теҳрон Ғунча Қавомӣ-зани бритониёии эронинажод, ки талош дошт дар бозии воллейболи мардона ширкат ҷӯяд, ба як соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора вакили мудофеи вай хабар додааст. Ғунча Қавомӣ 25 сола аст ва 20 июн дар беруни варзишгоҳҳи Озодии Теҳрон боздошт шуда буд.
Қарор буд дар ин варзишгоҳ дастаи миллии воллейболи Эрон бо дастаи Италия бозӣ кунад. Мурофиаи вай моҳи гузашта оғоз шуда буд. Ализода Таботабоӣ-вакили мудофеи Ғунча 2 ноябр дар Теҳрон гуфт, ки вай барои як сол маҳкум ба зиндон шудааст. Матбуоти Эрон аз қавли Таботабоӣ гуфтааст, ки дар бораи гуноҳи вай ба таври расмӣ ҳеҷ чиз гуфта намешавад.
Моҳи сентябр ба вай гуфтаанд, ки варо барои таблиғоти зидди режим гунаҳгор медонанд. Баъд аз боздошт Ғунча то ҳол 128 рӯзро дар боздоштгоҳ сипарӣ кардаст, ки 41 рӯзи он дар танҳоӣ ва бо маҳдудият сипарӣ шудааст. Вай моҳи октябр ду ҳафта ба нишонаи эътироз бар зидди боздошташ гуруснанишинӣ кард.