СММ мегӯяд, ки дар нооромиҳои Ироқ дар давоми моҳи октябр дастикам 1 273 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузорише, ки 1 ноябр тавассути намояндагии СММ дар Ироқ ба нашр расид, 856 нафар ғайринизомӣ ва 417 нафар аз нируҳои амниятӣ ба қатл расидаанд. Бештар аз 2000 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Бештарин талафоти ҷонӣ дар Бағдод ба бор омадааст ва шумораи кушташудагон дар ин шаҳр ба 379 нафар расидаст.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки шумораи кушташудагон дар вилояти Анборро ба гузориш дохил накардаанд, зеро ин шаҳр дар контроли тундравҳои Давлати Исломӣ қарор дорад.
Аммо ҳукумати Ироқ дар бораи шумораи кушташудагон назари дигар дорад ва мегӯяд, ки одамон хеле бештар аз он кушта шудаанд ки дар гузориши СММ нишон дода шудааст. Аз ҷумла, ҳукумат мегӯяд, ки тақрибан 500 нафар аз нируҳои амниятӣ ба ҳалокат расидаанд, дар ҳоле ки СММ дар гузориши худ ин рақамро 417 нафар мегӯяд.