Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аз созиши миёни Русияву Украина дар бораи интиқоли дубораи гази табии Русия ба Украина истиқбол карданд. Вале онҳо хитоб ба Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфтанд, ки интихоботи ба нақша гирифтаи 2 ноябр дар шарқи Украина аз тарафи ҷудоихоҳон ғайриқонунӣ мебошад.
Шаби гузашта баъд аз имзои созишномаи Русия ва Украина дар бораи газ Путин, Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина, Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса дар як гуфтугӯи чаҳортарафаи телефонӣ бо ҳам сӯҳбат карданд.
Ин созишнома интиқоли газ то моҳи марти соли 2015 ба Украинаро замонат медиҳад. Ҳамаи раҳбарон аз имзои ин созишнома дар Бруссел истиқбол карданд. Кохи Кремл онро қадами муҳим барои қатъ нашудани интиқоли газ ба Аврупо арзёбӣ кард.