Пешмаргаҳои Ироқ аз Туркия ба Сурия ворид шуданд

Нируҳои пешмаргаи курдҳои Ироқ аз марзи Туркия ба қаламрави Сурия гузаштанд, то дар мубориза бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ дар шаҳри Кубонӣ ба курдҳо кӯмак кунанд. 150 нафар сарбози пешмарга дар гурӯҳҳои хурд-хурд шаби 31 октябр бо аслиҳаи вазнини худ дар мошинҳои борӣ вориди Сурия шудаанд.

Курдҳои Сурия чанд ҳафта тундравҳои Давлати Исломиро аз тасарруфи шаҳри Кубонӣ нигоҳ доштанд ва ҳоло тақрибан нисфи ин шаҳр дар контроли курдҳост. Даҳҳо ҳазор нафар сокинони Кубонӣ аз ҳамлаҳои тундравҳо фирор кардаанд ва ба қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд.

Пештар Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия аз эътилофи зери фармондеҳии Амрико интиқод кард, ки бештар ба шаҳри Кубонӣ таваҷҷуҳ дорад, дар ҳоле ки тундравҳои исломӣ шаҳрҳои дигарро ба тасарруфи худ даровардаанд.