Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон барои ширкат дар як ҳамоиши ба муносибати “Рушди ҳамкориҳо дар доираи ҳавзаи Арал ҷиҳати коҳиши осебпазирии он” дар Узбакистон мебошад ва бо муовини аввали нахуствазири Узбакистон Рустам Азимов мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муродалӣ Алимардонов рӯзи чоршанбе барои ширкат дар конфронси байналмилалӣ оид ба “рушди ҳамкориҳои дар доираи ҳавзаи Арал” ба Узбакистон сафар кард ва дар доираи ин нишаст, ки дар Урганҷи Узбакистон мегузарад, бо муовини нахуствазири Узбакистон Рустам Азимов, ки ҳамзамон вазири молияи ин кишвар мебошад, мулоқот кардааст. Дар Дафтари матбуоти ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҷузъиёти ин мулоқот иттилои бештар надоданд, вале гуфтанд, ки Муродалӣ Алимардонов имрӯз низ дар Узбакистон қарор дорад ва дар назар аст бо намояндагони мақомоти дигари кишвари ҳамсоя дидору мулоқот анҷом диҳад.