Дафтари бозрасии вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон бо номи “СИГАР” мегӯяд, тиҷорати фоидаовари маводи мухаддир дар Афғонистон барои корҳои барқарорсозӣ дар ин кишвар хатар эҷод мекунад ва расидагии Иёлоти Муттаҳида ба ин масъала муносиб нест. Дафтари мазкур дар гузориши семоҳааш, ки рӯзи 30-уми октябр нашр кард, мегӯяд, масъалаи “мубориза бо кишту қочоқи маводи мухаддир дар маҷмӯъ аз дастури кори ҳукумати Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ афтодааст." Ҷон Сопко, нозири вижаи Амрико барои корҳои барқарорсозӣ дар Афғонистон рӯзи 28-уми октябр дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “онҳо стротегияи муштарак надорад ва метавонанд, худи Афғонистонро ба як бахши ин стротегия табдил диҳанд.” Ба гуфтаи Ҷон Сопко, 7 миллиард доллари сарфкардаи Амрико барои муқобила бо кишту қочоқи маводи мухаддир дар 13 соли гузашта “зоеъ” шудааст. Бар тибқи гузориши Дафтари бозрасии вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон, кишту қочоқи маводи мухаддир 411 ҳазор ҷойи корӣ офаридааст, ки бештар аз теъдоди нерӯҳои амниятии Афғонистон аст. Маводи мухаддир ҳамчунин як манбаи аслии воридоти пули нақд ба Афғонистон аст.