Украина ҳимояти “тахрибкорона ва таҳрикомез”-и Русия аз интихоботи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украинаро маҳкум кард, вале Амрико мегӯяд, ки ин интихобот ғариқонунист.
Баъд аз баргузории интихоботи порламонии 26 октябри Украина акнун ҷудоихоҳон барои худ 2 ноябрро рӯзи интихобот эълон кардаанд. Дар интихоботи 26 октябри Украина ҳизбҳои ҷонибдори Ғарб пируз шуданд.
28 октябр Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина интихоботи барномарезикардаи ҷудоихоҳонро “интихоботи ғайривоқеӣ” номид ва гуфт, ки он ба мувофиқатномаҳои байналмиллалӣ, ки моҳи сентябр дар Минск имзо шуда буд, муғоират дорад.
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, Маскав ба нақша гирифтааст, ки натиҷаҳои интихоботи 2 ноябри ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, яъне дар минтақаҳои Донетск ва Луҳанскро эътироф хоҳад кард.
Аммо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳушдор дод, ки “райдиҳӣ нақзи возеҳи уҳдадориҳои Русия ва ҷудоихоҳон мебошад, ки дар қарордодҳои Минск сабт шудааст”.