Пойгоҳи низомии Ҳилмандро ба нируҳои Афғонистон доданд

Маросими фуруд овардани парчами Амрико дар пойгоҳи Ҳилманд

Нируҳои дарёии Амрико ва Британия дар ҷануби Афғонистон пойгоҳи бузурги низомиро дар ҷануби кишвар ба нируҳои амниятии Афғонистон супурданд. Пойгоҳи Литернек дар вилояти Ҳилманд 26 октябр дар ихтиёри низомиёни Афғонистон гузошта шуд.

Пойгоҳи Бастиони Британия низ ба нируҳои Афғонистон супурда шуд. Ин охирин пойгоҳи низомии Британия дар Афғонистон буд. Баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ сипоҳи 215-и артиши миллии Афғонистон дар пойгоҳи Ҳилманд мустақар хоҳад шуд ва дар он дигар нируҳои хориҷӣ боқӣ нахоҳанд монд.

Бар асоси Аҳдномаи амниятӣ, ки моҳи сентябр ба имзо расид, дар Афғонистон баъд аз хатми соли 2014 10 ҳазор нафар низомиёни Амрико дар Афғонистон боқӣ мемонанд.