Бар асари садами нақлиётӣ дар шоҳроҳи Сарбанд-Қӯрғонтеппа чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи гузашта ҳангоми ҳаракат аз самти Қӯрғонтеппа ба тарафи шаҳри Сарбанд рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ронанда "Опел-Астра" Абдураҳим Латифов қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба тарафи муқобил баромада ва бо як "Камаз" бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи "Опел-Астра" Абдураҳим Латифов ва мусофирони дохили автомашинаи ӯ Махфирати Неъматулло, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Бохтар, Розиқова Фарзона соли таваллудаш 1992 ва Ҳалимов Ҷонибек соли таваллудаш 1995 сокинони шаҳри Сарбанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд ва Шарифова Саида соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Бохтар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.