Ҷон Керрӣ: "Ба озодӣ дар Аврупо хатар таҳдид мекунад"

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, ба озодӣ дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон ва “ҳатто Аврупо” ҳанӯз хатар таҳдид мекунад. Ҷон Керрӣ дар нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамтои олмониаш Франк Валтер Штенмейер рӯзи 22-уми октябр гуфт, “таҷовузи Русия ба Украина бояд хотима ёбад”. Ӯ изҳори умедворӣ кард, Русия дарк хоҳад кард, ки “ҷаҳон чӣ гуна ба кӯшишҳо барои нақзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли як кишвар бархӯрд мекунад.” Вазири умури хориҷии Олмон гуфт, муноқиша дар Украина “ба ҳадде доғ аст, ки ҳанӯз ҳам ба назму субот дар Аврупо таҳдид мекунад.” Баъди ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба қаламраваш ва ҳимояти ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия таҳрим эъмол карданд. Ҷон Керрӣ дар остонаи 25-умин солгарди суқути Девори Берлин ба Олмон омад, ки моҳи оянда таҷлил мешавад.