Эрон мегӯяд, "гумоштаҳои" хориҷиёнро дастгир кардааст

Вазири иттилооти Эрон гуфт, маъмурони амниятӣ чанд нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар вилояти Бушеҳр маҳалли ҷойгиршавии нерӯгоҳи барқи атомӣ дастгир карданд. Саид Маҳмуд Алавӣ рӯзи 21-уми октябр гуфт, нерӯҳои амниятӣ, ки ҳаракати хадамоти ҷосусиро мушоҳида мекунанд, «баъзе гумоштаҳоро дастгир карданд, ки онҳо қасд доштанд, барои хориҷиён аз вилояти Бушеҳр иттилоъ ҷамъ кунанд.» Маҳмуд Алавӣ аз ин бештар иттило надод, вале дар гузашта Эрон пайваста гуфтааст, ки хориҷиён мехоҳанд, фаъолиятҳои атомии кишварро ба ҳам бизананд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон метавонад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, вале Теҳро гуфтааст, ки барномаҳои атомиаш фақат ба хотири тавлиди нерӯи барқ ва ҳадафҳои тиббист.