Мақомоти Миср гуфтанд, ки таркиши як минаи сарироҳии идорашаванда дар нимҷазираи Синой мунҷар ба ҳалокати дасти кам шаш корманди амниятӣ шуд. Дар ин ҳамла, ки рӯзи 19 октбяр сурат гирифт, чаҳор низомии дигар ҷароҳат бардошт.
Ба гуфтаи мансабдорони низомӣ, таркиш дар роҳи зиреҳпӯше ба амал омад, ки дар ҷануби шаҳри Ар-Ариш, маркази вилояти Синойи шимолӣ ҳаракат мекард. Дар ҳамин гуна ҳамла дар Ар-Ариш се рӯз пеш ду корманди полис ҷон бохт.
Моҳи гузашта бар асари бомгузориҳо дар нимҷазираи Синой дасти кам 17 тан аз кормандони полис ба ҳалокат расида буданд. Масъулияти он ҳамлаҳоро гурӯҳи Ансор Байт ал-Мақдис бар дӯш гирифта буд.